Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сокинон ноҳияи Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлатро бо самимияти афзун ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.
Дар макони истиқбол Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни нонпазии кадбонуҳои ноҳия дидан намуда, зимни суҳбат онҳоро ба ҳифзи анъанаҳои хоси миллӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунари нонпазӣ ба ҷавондухтарон ҳидоят намуд.
Сипас раисҷумҳури кишвар дар деҳаи Лоҳутӣ, беморхонаву маркази хизматрасониву бинои маъмурии Ҷамоати деҳот ва мактабро ифтитоҳ намуда, ба сӯи маркази ноҳияи Ховалинг равона шуд.
Дар маркази ноҳияи Ховалинг раисҷумҳур як зумра иншоотҳои муҳим, аз қабили Боғ, парчам, нишони давлатӣ, бинои ҳизби ҳоким, бинои маркази ҷавонон, беморхонаи марказиро ифтитоҳ кард.