ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории пойтахт бо интишори намунаи қарори раиси шаҳр хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои вижаи забҳи чорво ташкил карда мешавад.
Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шоҳмансур 18 макони вижа оғоз аз кӯчаи Бадахшон 1 то Чиноро, дар ноҳияи Фирдавсӣ низ 18 макон аз ҷумла маҳаллаҳои Яккачинор ва Равшангарон, дар Сино дар 34 ҷой ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳофиз Шерозӣ, дар корхонаи замонавии забҳи чорвои "Ёвар-11", воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷойҳои забҳи чорво ташкил мешавад.
Абдулқодирзода санаи Иди Қурбон, соати намози ид ва мавзӯи мавъизаро эълон кард
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе", Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор шуданд, барои пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.
Дар Тоҷикистон санаи таҷлили "Иди Қурбон" маълум шуд