БДА Русия марги танҳо шаш шаҳрванди Тоҷикистонро таъид кард

БДА Русия хабари марги нафари 7- уми шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи садамаи маргборро рад намуда, афзудааст, ки дар натиҷаи ин садама танҳо 6 нафар ҷон аз даст доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бар хабари манобеи РИА Новости бо истинод ба маълумоти БДА Русия дар вилояти Рязанск, миёни ҳалокшудагон як ноболиғи  14- сола низ қарор доштаст.

Дар Русия бар асари садамаи маргбор 7 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи мазкур аз ҳалокати 7 нафар шаҳрвандони тоҷик омили як микроавтобус хабар дода буд.

Айни замон бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ 6 нафар ҷон бохта инчунин 8 нафари дигар бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона қарор доранд, - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан хабар дода мешавад, ки миёни ҷароҳатбардоштагон навраси 12 сола низ хаст, ки ҳар ду ноболиғ дар автобуси мусофирбарри тамғаи Меседес Вито қарор доштанд.

Навори садамаи пурқурбонӣ дар Рязан, ки ҷони 6 тоҷикистониро гирифт: Видео

Ёдовар мешавем, ки садамаи маргбор дар вилояти Рязанск дар 404- ум километри шоҳроҳи Рязанск субҳи барвақти имрӯз рух дод.

Ба гуфтаи роҳбари раёсати БДА Русия дар вилояти Рязанс Сергей Романов, ронандаи 30- солаи Мерседес Вито ба автомашинаи тамғаи Тойота ленд Крузер Прадо бархӯрдаст.