Раҳмон: маориф нисбат ба дигар соҳаҳо мушкилоти бештар дорад

Ин нуктаро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо фаъолони ноҳияи Балҷувон, имрӯз 6 август зикр кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар соҳаи маорифи ноҳияи Балҷувон муттасил рушд карда, маблағгузории он аз 9 миллион сомонии соли 2014 ба беш аз 17 миллион сомонӣ дар соли 2019 расидааст, гуфт Президент.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар давоми солҳои истиқлолият дар ноҳияи Балҷувон 34 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 4400 ҷойи нишаст ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ сохтмони 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2600 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 14 миллион сомонӣ идома дошта, бунёди онҳо то охири соли равон анҷом дода мешавад.

"Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда соҳаи маориф дар ноҳия нисбат ба дигар соҳаҳо мушкилоти бештар дорад. Мутобиқи маълумот ҳолати бисёр муассисаҳои таълимӣ ба талабот ҷавобгӯ нест", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дастури Раҳмон барои ҷудо кардани замин ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ

Президент изҳори нигаронӣ кардааст, ки бунёди муассисаҳои таълимии аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна сохташаванда бо сабаби ба таъхир афтодани имзои созишномаи сармоягузорӣ то ҳанӯз оғоз нагардидаст.

Ҳукумати кишвар, ҳамчунин, ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳои пайваста меандешад.

Бо туфайли чунин ғамхориҳо давоми солҳои 1997-2018 311 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия тариқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои олии касбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, ҳоло аксарияти онҳо дар бахшҳои мухталифи ноҳия фаъолона заҳмат кашида истодаанд.

Тибқи гузориши котибот, соли ҷорӣ тибқи квотаи Президентӣ 19 нафар хатмкунандагони ноҳия таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Хатлон 64 нафар ҷавонони ноҳия таҳсил доранд, ки аз ин шумора 42 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ мебошанд.

Президенти тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди ин, дар ноҳияи Балҷувон норасоии кадрҳои баландихтисоси маорифу тандурустӣ ва соҳаи хизматрасонӣ ба мушоҳида мерасад ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бояд барои ҷалби бештари хатмкунандагони муассисаҳои олии кишвар барои дастгириву бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.