Дастури Раҳмон барои ҷудо кардани замин ба соҳибкорон ва ширкатҳои сайёҳӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ, захираҳои табиӣ ва коркарди онҳо, аз муассиртарин роҳҳои таъмини пешрафти иқтисодиёт ва ғанӣ гардонидани буҷет мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон бо фаъолони ин ҷо мулоқот кардааст. 

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ, захираҳои табиӣ ва коркарди онҳо, аз муассиртарин роҳҳои таъмини пешрафти иқтисодиёти ноҳия ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ мебошад, вале имкониятҳои зикршуда дар ноҳияи Балҷувон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар самаранок истифода намешаванд.

"Яке аз омилҳои дигари дар сатҳи зарурӣ рушд накардани сайёҳӣ дар ноҳия ба эътибор нагирифтани талаботи соҳа дар вақти таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ мебошад. Зеро аксари мавзеъҳои барои бунёди иншооти сайёҳӣ мувофиқ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шудаанд ва чунин вазъ ҳангоми ба соҳибкорон ё ширкатҳои сайёҳӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин монеа эҷод мекунад", - гуфт раисиҷумҳур.

Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард

Дар ин росто Президент ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти зикршуда, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ ва рушди маҳал, мақомоти Балҷувонро вазифадор кардааст, то барои муайян намудани мавзеъҳои сайёҳӣ, дастгирии соҳибкорон барои бунёди иншооти сайёҳӣ дар мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ноҳия, ташкили хатсайрҳо, густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон сафар карду, дар деҳаи Калтачанор хати оби нӯшокиро ифтитоҳ кард

Дар идомаи суханронӣ Раҳмон гуфтааст, бо вуҷуди он, ки Балҷувон ноҳияи нисбатан навбунёд аст, таърихи қадима ва бой дорад.

"Вобаста ба ин ёдовар мешавам, ки яке аз ёдгориҳои ҷолиби таърихии ноҳия Қалъаи Мири Балҷувон ба ҳисоб меравад, ки дарвозаи он соли 2017 аз нав таъмир карда шуд. Дар баробари ин, асбобу ашёи гуногуни қадимае мавҷуданд, ки бояд дар осорхонаи замонавӣ нигоҳ дошта шаванд",- афзудааст раисиҷумҳур.

Роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг кушода шуд

Президент ҳамчунин иттилоъ додааст, ки азнавсозии Қалъаи Мири Балҷувон ва сохтмони осорхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ноҳия бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатӣ оғоз гардидааст.

Ҳамчунин, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд,то бо ҷалби соҳибкорон то ҷашни 30-солагии истиқлолият ҷиҳати пурра ба анҷом расонидани азнавсозии қисматҳои боқимондаи Қалъаи Мири Балҷувон ва бунёди осорхона чораҳои иловагӣ андешанд.