Раҳимзода ба сохтмони бинои "Муҳофиза" дар Данғара оғоз бахшид

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Рӯзи 4-уми август дар ноҳияи Данғара, маросими гузоштани санги асоси бинои маъмурии Хадамоти давлатии "Муҳофиза" баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин чорабинӣ, вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" Раҳмонзода Алихон Футур, муовини аввали раиси ноҳияи Данғара Шарипов Ҷамшед, кормандони милитсия ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намудаанд.

Раҳимзода гуфт, Раҳмон аз кори қудратиҳо розӣ аст

гуфта мешавад, ки бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тамоми шароити ҳозиразамон ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода дода мешавад. 

Дар рафти маросими гузоштани санги асос зикр гардидааст, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, аз он ҷумла Хадамоти давлатии "Муҳофиза" таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида, бо дастгирии роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола даҳҳо бинову иншоотҳои маъмурию хизматӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Раёсати хадамот: муҳоҷирони дохилӣ аз вилояти Суғд ба Данғара кӯч мебанданд

Манбаъ афзуда, ки кормандони милитсия аз ин ғамхорию дастгириҳои ҳамаҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, вазифа ва масъулияти ба душ доштаашонро содиқона ва софдилона ба нафъи давлату миллат иҷро менамоянд.