Мансабгирии ҷавони зодаи шаҳри Кӯлоб дар Русия

Сергей Морозов, губернатори вилояти Уляновск ҷавони зодаи шаҳри Кӯлоб – Алексей Гадалшин Рашидовичро, ки то ҳол иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Димитровград буд, ба мақоми нав таъин кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи гузориши расонаҳои Улянов, Сергей Морозов имрӯз дар ҷаласаи роҳбарони вилоят иттилоъ дод, ки Алексей Рашидович сардори раёсати сиёсати дохилии дастгоҳи губернатор таъин шудааст.

Тағйироти кадрӣ: аз таъини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ то барканории Одиназода Назар

Морозов аз Гадалшин хидмати содиқона барои беҳбуди зиндагӣ хоста, муваффақият таманно кардааст.

Расонаҳои вилоятӣ навиштаанд, ки Алексей Гадалшин ба кор дар мақоми наваш имрӯз оғоз кард.  

Гадалшин соли 1984 дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 2007 Донишгоҳи давлатии Уляновро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Ӯ инчунин соли 2016 таҳсилро дар Академияи хоҷагии қишлоқ ва хидмати давлатии назди раисиҷумҳури Русия анҷом додааст.

Вай аз соли 2007 то 2012 дар маъмурияти шаҳри Димитровград, солҳои 2012 – 2017 роҳбари муассисаи давлатии “Татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ”, аз 1 январи соли 2018 муовини раиси шаҳр ва аз 10 октябри соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Димитровград буд.

Бар асоси иттилои расонаҳои минтақа фаъолияти Гадалшин дар мақоми роҳбари дуюмин шаҳри калонтарини вилоят, боиси норозигии бархе аз вакилон шудааст, аммо роҳбари вилоят аз кори Гадалшин ҳимоят кардааст.