ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар вилояти Қандаҳор як пулиси афғон ба самти ҳамсафони худ тирандозӣ карда ва 7 нафарро ба қатл расондааст.
Бино ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин ҳодиса рӯзи 4 август дар минтақаи Тор Кутал рух дода ва гурӯҳи тундрави "Толибон" масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.
Ҷамол Носир Барекзай, сухангӯи ҳукумати вилояти Қандаҳор гуфтааст, ки ба ҳамлагар муяассар шудааст, аз маҳали ҳодиса фарор кунад.
Манбаъ афзуда, ки нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи гурӯҳи тандрави "Толибон " гуфтааст, ки ин ҳамлагар ба "Толибон" пайвастааст.
Дар Афғонистон сафи неруҳои Амрикоӣ коҳиш меёбад
Толибон тақрибан 50 дарсади ҳудуди Афғонистонро таҳти назорат гирифта ва тақрибан ҳамарӯза ба неруҳои давлати Афғонистон ва неруҳои байналмилалӣ ҳамла мекунанд.