Бадахшони Тоҷикистонро заминларзаи 5 баллӣ такон дод

Заминҷунбӣ 30 километр ғарбтар аз ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки ин ҷо наздики 26 ҳазор кас ба сар мебарад, рух дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Заминларзаи 5,1 баллӣ рӯзи якшанбе дар шимолу шарқи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин бора маркази зилзилашиносии Академияи илмҳои Вазорати маорифи Қазоқистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ 44 километр дуртар аз пойтахти Бадахшони Афғонистон, шаҳри Файзобод, ки ин ҷо беш аз 44 ҳазор кас зиндагӣ дорад, воқеъ будааст.

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

"Заминларза, ҳамчунин дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки 30 километр шарқтар аз маркази заминҷунбӣ воқеъ аст, эҳсос шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Маркази заминларза дар чуқурии 212 километр ҷойгир будааст.

Дар бораи хисороти заминларза хабар дода нашудааст.

Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 баллӣ такон дод

Пештар, рӯзи 1 июл дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаи 5,3 баллӣ ба қайд гирифта шуд.