ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, довталабони мақоми сардори раёсат бояд таҳсилоти олии касбии гуманитарӣ ё соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, 3 сол собиқаи корӣ дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияи дуюм, 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ дошта бошанд.
Маоши мансабии сардори раёсат 2 ҳазору 392 сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Вазорат афзудааст, ки хоҳишмандони кор дар мақоми сармутахассиси шуъбаи меъёрбандӣ, музди меҳнат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ бо маоши мансабии 1200 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирии хароҷоти давлатӣ ва иҷрои буҷети Раёсати корҳо бо маоши 978 сомонӣ низ метавонанд ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.
Дар феҳрасти ҷойҳои холии дигаре, ки пешниҳоди довталабон шудааст, мақоми мутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон бо маоши 804 сомонӣ ва мутахассиси Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо маоши 804 сомонӣ зикр шудаанд.
Инчунин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ишғоли мақомҳои холӣ дар намояндагии ин ниҳод дар Русия озмун эълон кардааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳуҷҷатҳои довталабон аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон то 18 августи соли 2019 қабул карда мешаванд.