Вазорати меҳнат ва муҳоҷират барои намояндагияш дар Русия коргар меҷӯяд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои ишғоли мақомҳои холӣ дар намояндагии ин ниҳод дар Русия озмун эълон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки довталабони мақоми сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатии Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия метавонанд дар  озмун иштирок кунанд.

Ҷустуҷӯи ёвар барои раиси Хатлон ва 8 мансаби холии дигар: маош аз 696 то 1387 сомонӣ

Манбаъ изҳор дошт, ки довталабони ин мақом бояд таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ дошта бошанду забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро дар сатҳи баланд донанд.

Чор сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии, кор бо компютер, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон аз ҷумлаи талаботи дигар аз довталабон арзёбӣ шудааст.

Вазорати меҳнату муҳоҷират инчунин сармутахассиси мониторинг оид ба муҳоҷирати меҳнатии намояндагии Вазорат дар Русияро ҷустуҷӯ дорад.

“Таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла забони русӣ дар сатҳи баланд, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ва донистани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ “, - дар феҳрасти талабот аз довталабон зикр шудаанд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳуҷҷатҳои довталабон аз ҷониби шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон то 18 августи соли 2019 қабул карда мешаванд.