Дар Нидерландия минбаъд барои пӯшидани ниқоб 150 евро ҷарима мекунанд

Нидерландия низ ҳамакнун ба сафи он кишварҳои шомил гардид, ки пӯшидани ҳиҷоб ва ё сатр барои шаҳрвандон дар ҷойиҳои ҷамъиятӣ манъ карда шудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Сар аз 1- уми августи соли равон дар Нидерландия барои шаҳрвандон пӯшидани сатр ва ё ҳиҷоб расман манъ карда шуд.

Маликаи рақс рӯи ях бо ҳиҷоб: варзишкори АМА, ки қоидаи бозиро дигар кард

Гуфта мешавад, пӯшидани сатр ва ё ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шудааст.

Моделе, ки синаашро урён карда буд, ҳиҷоб пӯшид - Акс

Вазорати умури дохилии Нидерландия аз кормандони пулис даъват кард, ки иҷрои маҳдудияти мазкурро назорат ва таъмин кунанд.

Барои намуна, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ агар занеро бо ниқоб бинанд, онро маҷбур хоҳанд кард, ки рӯяшро кушояд. Дар сурати ғайр, вуруди ӯ ба бино манъ ва 150 евро ҷарима баста мешавад.

Ҳудуди 5 дарсади аҳолии Нидерландияро мусулмонон ташкил медиҳанд. Асосан онҳо зодагони Туркия, Индонезия ва Мағриб ҳастанд.

Намоиши ҳиҷобҳои мӯд дар анҷумани “Русия – дунёи Ислом”

Баъзе аз идораҳои пулис ва муассисаҳои тиббии Нидерландия аллакай ошкоро гуфтанд, ки ба риояи қонуни нав касеро маҷбур нахоҳанд кард.

Пештар дар Фаронса, Дания, Болгария, Австрия ва баъзе аз минтақаҳои Швейтсарияву Испания низ пӯшидани либосе, ки рӯйро пинҳон медорад, манъ карда шуда буд.