ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон мизони қарзи хориҷии кишвар таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 2 миллиард ва 900 миллион расида, ки баробар бо 35 дар сад аз тавлиди нохолиси миллӣ мебошад.
Расонаҳои Тоҷикистон аз қавли масъулини Вазорати молия хабар доданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад бештари кумакҳои беивази хориҷиро барои рушди иқтисоди ин кишвар ҷазб кунад ва аз дарёфти вомҳои бештари молӣ ба манзури афзоиши сақфи қарзи хориҷӣ худдорӣ намояд, навиштааст “Парс тудей”.
Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё ва Бонки Ҷаҳонӣ барои ихтисоси кумакҳои беивази ин ду ниҳоди молӣ дар ояндаи наздик ба тавофуқ расидаанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон саҳми Чинро дар ҳаҷми қарзҳои хориҷии кишвар 48 дарсад арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намудааст, ки Чин ҳамчунон бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди ин кишвар боқӣ хоҳад монд.
То ҳол бо кумакҳои молии Чин дар Тоҷикистон чандин корхонаи тавлиди семент сохта шудааст ва дар истихроҷи маъдан низ саҳми Бонки воридот ва содироти Чин арзишманд мебошад.