Ҳодисаи нохуш дар ҳавлии Каримовҳо бо марги Мадинаи 4-сола анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуш дар шаҳри Конибодом хабар дод, ки бо марги духтарчаи 4-сола анҷомидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодисаи рӯзи 1-уми августи соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа дар манзили истиқоматии Каримовҳо рух додааст.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: 5 мусофир ҷон бохтанд

“Каримов Ҷавлон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Конибодом, дар ҳавлии истиқоматиашон ҳангоми ҳаракат намудан бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хундай-Портер”, духтари додараш, хурдсол Каримова Мадина Сарваровна, соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, хурдсол Каримова Мадина ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад. Ин ҳодисаи нохуш дар ҳолест, ки ҳамасола дар роҳҳои кишвар садҳо нафар бар асари садамаҳо ба ҳалокат мерасанду садҳои дигар маҷруҳ мешаванд.

Ахиран Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуш дар роҳи Душанбе – Хоруғ хабар дод, ки бар асари чаппашавии "Опел-Астра"  ба дарёи Панҷ 5 нафар ба ҳалокат расиданд.