ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар умум устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ – “ММД” дар ҷумҳурӣ ба 31,3 миллиард сомонӣ расид.
Ба иттилои вазир, рушди воқеии иқтисод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоизро ташкил намуд.
“Рушди ММД аз ҳисоби афзоиши воқеии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 10,8 фоиз, гардиши савдои чакана 9,4 фоиз, гардиши мусофирон 12,9 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,9 фоиз таъмин гардидааст”, - хабар дод “Ховар” аз қавли Неъматулло Ҳикматуллозода.
Вазир иттилоъ дод, ки гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якум ба 2136,9 миллион доллари ИМА ё 3,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид.
“Аз ҷумла содирот 570,6 миллион доллар ё 8,1 фоиз ва воридот 1566,3 миллион доллар ё 2,3 фоиз рушд ёфт”, - афзуд вазир.