Бо фармони Озода Раҳмон соҳибкорон ҷарима шуданд

Дар ин бора Директори Маркази ташхиси минтақавии "Тоҷикстандарт" дар шаҳри Турсунзода Пулод Мирализода гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik. Мирализода гуфтааст, ки соҳибкороне, ки либоси ягонаи вижа напӯшида нишони сарисинагӣ надоштаанд, ҷарима шудаанд. 

Директори Маркази ташхиси минтақавии "Тоҷикстандарт" дар шаҳри Турсунзода Пулод Мирализода гуфтааст, ки мутахассисон дар асоси супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, оид ба назорати  нуқтаҳои хизматрасонӣ ва савдои мамлакат ҷиҳати таъмини  либоси ягонаи махсус ва нишони сарисинагии ҳайати хизматрасон ва бо талаботи моддаи 624-и КҲМ ҶТ дар 74 ҳолат соҳибкоронеро, ки аз иҷрои ин қоида сарпечӣ намудаанд, ба маблағи 18 975 сомонӣ ҷарима карданд.

Супориши Раҳмон ба Озода барои пурзӯр кардани назорат аз болои кори мансабдорон

Бино ба гузориши Мирализода, дар ин давра бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Маркази ташхиси минтақавии "Тоҷикстандарт"  505 адад нуқтаҳои хизматрасониро бо шаҳодатномаи хизматрасонӣ таъмин карда, бахши баҳодиҳии мутобиқати марказ дар асоси дархости соҳибкорон 321 адад сертификати мутобиқат барои маҳсулоти дохилӣ додааст.

Ҳамчунин, мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Маркази ташхиси минтақавии "Тоҷикстандарт" дар шаҳри Турсунзода хабар додаанд, ки дар шаш моҳ  28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат  зиёд мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани ташхис  138 тонна маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ муайян гардид, ки аз он 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад. Ин миқдор орд дар асоси хулосаи комиссия  барои хӯроки чорво равон карда шудааст.