Ҷашнвораи сол бо қарори Эмомалӣ: аз даъвати овозхон Мансур то парвози кураҳо ва нарх

Дар ҳошияи ҷашнвораи тобистонаи Душанбе, ки бо қарори Рустам Эмомалӣ 17 – 18 август дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт баргузор мешавад, ҳунарнамоии овозхон Мансур Ҷаъфарӣ ва парвози кураҳои ҳавоию бозиҳои гуногун дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Мақомоти Душанбе зимни муаррифии барномаи ҷашнвораи тобистона изҳор доштанд, ки дар он иштироки сарояндаи машҳури эрониасли муқими Амрико Мансур Ҷаъфарӣ, парвоз дар  кураҳои ҳавоӣ, тамошои ҷаҳиши парашутчиён ва бурдҳои қиматнок дар назар аст.

Файзов дар Ҷашнвораи "Боми Ҷаҳон" аз сиёсати Раҳмон ва ваҳдат гуфт - акс

Вуруд ба ҷашнвораи мазкур тавассути “CityCard” ба роҳ монда  шуда, нарх ҳанӯз дақиқ нест, аммо қарор шудааст, ки он аз 30 сомонӣ боло набошад. Даромад барои хурдсолони аз 3 то 10-сола ройгон аст, хабар додаст "Ховар" аз қавли шаҳрдорӣ.

Ҷашнвораи мазкур бо сарпарастии “TurkishAirlines”,  ширкати “Coca-Cola” дар Тоҷикистон сурат гирифта, бурдҳои қиматнок, аз ҷумла 10 адад дучарха ва дигар ашёи арзишнок ба роҳ монда шудаанд. Иштирокдорон  метавонанд чиптаи саёҳат ба Туркияро бурд намоянд.

Рустами Эмомалӣ дар қарораш ҳадафи баргузории Ҷашнвораи тобистонаро, муаррифӣ намудани симои сайёҳии кишвар ва фароҳам овардани имконият барои фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт арзёбӣ кардааст.

Раёсатҳои умури дохилӣ ва амнияти миллӣ, хадамоти оташнишиноӣ ва тандурустию санитарӣ дастур гирифтаанд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, барқ, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ”, бехатарии зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ чораҳои зарурӣ андешанд.