Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат аз ифтитоҳи Нишони давлатӣ оғоз ёфт

Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими шаҳри Ваҳдат гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як зумра иншооти дорои таъйиноти гуногун озими шаҳри Ваҳдат гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Хатлон боздид мекунад

Бар хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар доираи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар майдони 0,20 гектар бунёд ёфта, сохтмони он дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Нишони давлатӣ 24 метр буда, дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш 28 метрро ташкил медиҳад.

Нишон аз рӯи лоиҳаи сохтмонии ҶСК "Меҳрофар" бунёд гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ "Эҳё-иншоот" ба анҷом расонидаанд.

Раҳмон: ҳамкорӣ кунед то фарзандонро аз мактабҳои диниву созмонҳои террористӣ баргардонем

Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ёфтаанд.

Раҳмон ба Рашт рафту роҳи навсозро дар шаҳраки Навобод ифтитоҳ кард

Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он масъулин вазифадор гардиданд.

Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуда, ҳудуди он майсазор гардидааст.

Дар шафати Нишони давлатӣ барои сокинон майдони сайру саёҳат низ сохта шуда, ин мавзеъ мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.