Раисиҷумҳури Тоҷикистон мехоҳад духтарони ҷавон пухтупазро омӯзанд

Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат кадбонуҳоро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳама гуна таомҳои миллӣ ҳидоят намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо нашъунамои зироати такрорию ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Хоҷагии деҳқонии "Саховат" шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи ҷангалпарварони шаҳр дидан кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аснои ошноии раисиҷумҳур бо ҷараёни нашъунамои зироати такрорӣ дар ин хоҷагӣ иттилоъ дода шудааст, ки соли равон кишоварзон дар майдони 22 гектар гандум ва 6 гектар пиёз кишту парвариш карда буданд, ки 52- сентнерӣ ғалла ва 480-сентнерӣ пиёз ба даст оварданд.

Раҳмон ба 10 оилаи камбизоат калиди манзилҳои сохтаи соҳибкорро тақдим кард

Раҳмон дар Ромит маҷмааи сайёҳии “Арху”-ро ба истифода дод

Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лубиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабуи ошӣ, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу ва шафтолуро ба маъраз гузоштанд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Раҳмон истифода аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд додааст.

Раҳмон дар Ваҳдат бинои адлия ва маркази хизматрасонӣ барои кӯдакон ба истифода дод

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин намоишгоҳ бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.

Раисиҷумҳур, кадбонуҳоро барои омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳама гуна таомҳои миллӣ ҳидоят намудааст.