Оғози мумфаршкунии роҳи Чорукдаррон бо иштироки Аҳмадзода

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар оғози мумфаршкунии роҳи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон, ки бо маблағгузории ҳукумати вилоят амалӣ мешавад, иштирок кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ бо сокинону фаъолони шаҳр суҳбат намуда, аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дод.

Расулзода: навсозии роҳи “Душанбе-Бохтар”-ро вусъат бахшеду, онро бо сифати баланд супоред

Ӯ таъкид кардааст, ки ин иқдом дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амалӣ гардида, ба ободӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷамоат мусоидат мекунад.

Манбаъ афзуд, ки роҳи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба масофаи 2 км пурра мумфарш карда мешавад ва барои анҷоми корҳо аз буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Фаъолони Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон аз амалишавии иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ намуда, аз номи 3600 сокини ҷамоат изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар бахшҳои гуногун  бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқолияти давлатӣ роҳандозӣ шудаанд.