Дар Тоҷикистон санаи таҷлили "Иди Қурбон" маълум шуд

Дар Тоҷикистон имсол ҷашни “Иди Қурбон”- ро санаи 11-уми август таҷлил хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бар хабари сомонаи ТоҷикТа интизор меравад  3-юми  августи соли равон Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи ин идро эълон мекунад.

Тақвими мусалмонӣ барои соли 2019

Чун имсол "Иди Қурбон" ба рӯзи истироҳат рост меояд, аз ин ру тибқи меъёрҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", рӯзи дигари корӣ ҳам истироҳат мешавад, қайд намудаст манбаъ.

Дар Тоҷикистон ҷашни "Иди Қурбон" маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад.

Сархатиби вилояти Суғд: “Хутбаи ҷумъаро ба забони тоҷикӣ хондан беҳтар аст…”

Рӯзи ид пас аз адои намоз, мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар барои оростани дастархони пурнозу неъмат дар арафаи ин ид аз ҷаримабандиҳои калон  ҳушдор дода буд.