Пешниҳоди Каримзода дар бораи мошину бӯстонсароҳои Раҷабзода ва мансабдорони дигар

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни суҳбат аз мошину бӯстонсароҳои мансабдорон гуфт, наметавонад ҳар кормандро пайгирӣ кунад ва аз шаҳрвандон хост, дар муайянсозии соҳибони бӯстонсарою амволи гаронарзиш бо мақомот ҳамкорӣ кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Каримзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар бораи мошину бӯстонсароҳои гаронарзиши мақомдорони Хадамоти гумрук суҳбат карда, аз шаҳрвандон даъват намуд, ки пайгирӣ ва муайян намоянд, ки чӣ аз кӣ асту ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд.

Танбеҳи Раҳмон ба роҳбарияти Бонки миллӣ: аз Нурмаҳмадзода то Нуралиев огоҳӣ гирифтанд

“Воқеан ҳамин чиз ҳаст, марҳамат пайгирӣ кунед. Дар мавриди  кормандонам, он чизеро гуфта метавонам, ки дар эъломия пешниҳод кардаанд. Ман мақоми таҳқиқотӣ-тафтишотӣ нестам, ки муайян кунам”, - изҳор дошт Каримзода.

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон инчунин дар бораи мақоми подполковникӣ, сафарҳои хориҷӣ ва ҷамъоварии амволи зиёди Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ сардори терминали рақами 1-и шаҳри Душанбе низ ба тафсил суҳбат кард.

Каримзода иттилоъ дод, ки Шаҳбоз Раҷабзода, қаблан дар мақоми роҳбарӣ дар Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон фаъолият карда, тариқи гузариш ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон гузаштааст.

Беҷазоӣ фасодкоронро дар Ҳукумат зиёд кард: Кодекси ҷиноӣ тағйир меёбад

“Раҷабзода мақоми мушовири давлатии дараҷаи якро доштанд, ки ҳангоми гузариш ба Хадамоти гумрук ҳатто поин оварда шуд. Мушовири дараҷаи як ба рутбаи полковники Хадамоти гумрук рост меояд. Аммо Комиссияи Хадамоти гумрук ба ӯ ҳамагӣ рутбаи майори Хадамот дода буд”, - тавзеҳ дод сардори Хадамоти гумрук ва афзуд, ки рутбаи подполковникӣ ба Раҷабзода барои он дода шудааст, ки терминали Душанбе нақшаро дар соли 2018 иҷро намуд.  Ӯ иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба фаъолияти Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар соли 2018 баҳои мусбат дода буд ва бахшида ба рӯзи кормандони гумрук беш аз 370 нафар, аз ҷумла Раҷабзода низ бо ҷоизаю рутбаҳои навбатӣ ҳавасманд шуда буданд.

Дар мавриди эродҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳо садо доданд, Каримзода гуфт, рости гап барои худи ман ғайричашмдошт буд.

“Албатта камбудиҳо ҷой доранд ва он эродҳое, ки роҳбари давлат гирифтанд, натиҷаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва ҳар як камбудие, ки ҳаст мо саривақт пайи ислоҳи он шудем. Шаҳбоз Раҷабозода худи ҳамон рӯз аз мақомот озод гардид”, - хабар дод сардори Хадамоти гумрук.

Ӯ илова намуд, ки эроди асосии раисиҷумҳур марбут ба он буд, ки хизматчии давлатӣ бояд ба тиҷорат машғул набошад ва инчунин сафарҳои хориҷии зиёде, ки Раҷабзода доштааст.  

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, дар давоми фаъолияти корияш ба Раҷабзода ҳамагӣ чор бор - барои роҳбаладии модари бемораш ва бинобар шикастани дасти худи Раҷабзода ба ӯ иҷозати сафари хориҷӣ дода шудааст.

Пас аз интиқоди тунди Раҳмон: нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст

“Аммо бинобар маълумоти мақомоти дахлдор сафарҳои хориҷии Раҷабзода бештар будаанд. Ростӣ ин ҳама барои худам ғайричашмдошт буд, мо наметавонем ҳар кормандро пайгирӣ кунем. Ман аз куҷо медонам, ки корманд чӣ амвол ва дар хона чӣ дорад. Он чизҳое, ки дар эъломияи амвол пешниҳод мешавад, аз тарафи мақомоти дахлдор санҷида мешавад”, - иттилоъ дод Каримзода.

Ӯ дар идома афзуд, камбудии ниҳодаш дар ҳамин аст, ки саривақт ин ҳолатҳоро надидаанд ва бинобар ин раёсати амнияти дохилии Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ барҳам дода шуд.

Ахиран Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод иттилоъ дод, ки нисбати Шаҳбоз Раҷабзода, собиқ раиси Терминали рақами 1-и Душанбе, ки аз ҷониби раисиҷумҳур сахт интиқод шуда буд, ягон парванда оғоз нашудааст.