ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бар хабари роҳбари генералии ширкати "Помир Эненржӣ" Далер Ҷумаев, 96 дарсарди истифодабарандагони нерӯи барқи шабакаи марказӣ дар вилоят, давоми 24 соат аз қувваи барқ таъмин ҳастанд.
"Муштариёни шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ва Ишкошиму Рӯшон (ба ғайр аз муштариёни деҳоти алоҳидаи дурдасти водии Бартанги ноҳияи Рӯшон) ва инчунин муштариёни ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз дар 24 бо нерӯи барқ таъмин мебошанд",- изҳор доштаст Далер Ҷумъаев зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Хоруғи ин вилоят.
Зимнан Ҷумъаев хабар дод, ки маблағи лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар дарёи Шохдара, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро бевосита дастгирӣ мекунад, то охири соли равон ихтисос дода мешавад.
Қайд гардид, ки бунёди ХИБ-и 110киловаттаи"Себзор-Хоруғ" дар масофаи 18 км низ ба нақша гирифта шудааст.
"Дар айни замон корҳои иловагӣ оид ба тарҳрезӣ ва санҷишҳои геологӣ идома дошта, дар назар аст, ки ин кор то охири моҳи июни соли 2019 ба анҷом расонда шавад", гуфт роҳбари "Помир- Энержӣ".
Сабаби қиммат шудани арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон маълум шуд
Гузашта аз ин Далер Ҷумъаев қайд намуд, ки охири соли 2018 корҳои омодагӣ барои сохтмони НБО-и хурди "Хатфат" дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бомуваффақият давом дода шуда, аввали соли равон озмуни тендерӣ оид ба марҳилаи лоиҳакашӣ ва корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ байни пудратчиёни ватанӣ гузаронида шуд.
Ёдгор Файзов: симои ВМКБ ба куллӣ тағйир ёфтааст
Аз рӯи натиҷаи озмун дар охири моҳи феврал бо ширкати ватании "Таис-2011" шартнома ба имзо расид ва дар моҳи апрел корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯӣ-геологӣ оғоз гардиданд.