ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1489 то 0.1510 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 9.4397 то 9.4400 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10. 5215 то 10.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бозори расмии ғайринақдӣ имрӯз қурби 1 доллари ИМА — 9.4397 сомонӣ, 1 евро – 10. 5215 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1489 сомониро ташкил медиҳад.
"Нуфузи БМТ-ро паст мекунад": БМТ изҳороти Палатаи ҳисобро "нодуруст" хонд
БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.