ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Академияи илмҳои Тоҷикистон аз пайдо шудани беш аз 100 асари фолклорӣ хабар дод.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, як гурӯҳи фолклорӣ беш аз 100 тарона, шеър, дубайтиву рубоӣ ва пораҳои нав аз “Фалак” – ро пайдо намудааст.
“Ин гурӯҳи иборат аз мутахассисон ва олимони маркази санъатшиносӣ аст, ки бори аввал дар Академияи улуми Тоҷикистон ва Институти забони ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ таъсис ёфт. Он дар як муддати кӯтоҳ дар ноҳияҳои Ховалинг ва Данғараи вилояти Хатлон ба чунин як муваффақият ноил шуд” – афзуд президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Президенти Академияи илмҳо: ба зудӣ дар осмон ситораи нав пайдо мешавад
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, то охири сол намунаи фолклоре, ки то охири сол ҷамъ мешавад, дар шакли як китоби алоҳида нашр хоҳад шуд.
Парвози нахустин ҳавопаймоҳои 25 ҳазор доллараи истеҳсоли Тоҷикистон
“Ин хеле муҳим аст. Ва баъзе аз ин экспедитсияҳо бори аввал аст, ки анҷом мешаванд ва мо, хушбахтона, ҳам имконияти молиявӣ ва ҳам фанниву инсониро дорем, ки чунин экспедитсияҳоро ба роҳ монем” – гуфт Раҳимӣ.