Дар Тоҷикистон ба арзиши 3,3 миллиард доллар лоиҳаҳо давлатӣ амалӣ мегарданд

Аз 70 лоиҳа 12-тои онҳо тарҳҳои эътиборӣ буда, боқимонда бар асоси кумаки бебозгашт ва тамвили омехта амалӣ мегарданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба арзиши кулли 31,8 миллиард сомонӣ баробар ба 3,3 миллиард доллар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ мегарданд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тоҷикистон аз Олмон барои иҷрои чанд тарҳ беш аз 33 млн евро дарёфт мекунад

Бино ба иттилои кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон, аз 70 лоиҳа 12-тои онҳо тарҳҳои эътиборӣ мебошанд. Тарҳҳои боқимонда бар асоси кумаки бебозгашт ва тамвили омехта амалӣ мегарданд.
Дар чорчӯби ин тарҳҳо аз оғози амалишавии онҳо то оғози моҳи июли соли ҷорӣ 15,9 миллиард сомонӣ ва ё 1,6 миллиард доллар аз худ карда шуд ва ин шумор 49,8 дарсади ҳаҷми кулли лоиҳаҳо мебошад.

Аз ҷумла, аз оғози сол 1,3 миллиард сомонӣ (137,8 миллион доллар) аз худ карда шуд.

Гуфта мешавад, ки бо сармоягузори мустақими хориҷӣ дар Тоҷикистон ширкати “Кока Кола напитки Таджикистана”, корхонаи ғанисозӣ ва фулӯзотии “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистон ва Чин”, корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр Симон”, “Чжунгсой Моҳир Симон”, ширкати фулӯзоти рангин ва корхонаи ғанисозии “Пакрут” ба баҳрабардорӣ расиданд.