Ба сафири нави Босния тӯҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмонро нишон доданд

Сафири навтаъйини Босния ва Гертсеговина дар Тоҷикистон Самир Веладзик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Сафири навтаъйини Босния ва Гертсеговина дар Тоҷикистон Самир Веладзик пас аз супоридани эътимоднома ба Президенти  Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид кардааст.

Чуноне АМИТ "Ховар" хабар медиҳад,  меҳмонро роҳбарияти Осорхонаи миллӣ  истиқбол гирифта, ба ӯ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шудааст.

Бино ба иттилои номбурда, сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи "Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон" оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили "Ҳахоманишиҳо", "Сосониён", "Панҷакенти қадим", "Бунҷикат", гўшаи "Фарҳанги исломӣ", "Дайри Буддоии Аҷинатеппа" ва "Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба анҷом расид.

Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав сиёсати хориҷии Тоҷикистонро фаҳмонд - акс

Ба гузориши манбаъ, ба ин восита меҳмон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик ошно гардидааст.

Манбаъ афзуда, ки меҳмон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.