ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсияи марди 44- солаи сокини маҳаллаи Доманакӯҳи ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти суйиқасд ба ҷон дастгир карданд.
Манбаъ қайд намудааст, ки номбурда рӯзи 27-уми июли соли равон, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш бо бародари 43-солааш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд бо мақсади куштор 16-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст.
Кордзаниҳо дар рӯзҳои истироҳат: аз теғкашии ҷавонзан то зарбаи падар ба гардани писар
"Дар натиҷа, бародари ҷабрдидааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст", - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.
Ҳодисаи маргбор: мард дар ҳолати мастӣ шавҳари хоҳарашро корд зада кушт
Гуфта мешавад, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.