ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Бар хабари дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, дар ноҳияи Ховалинг, дар кони "Тиллои тоҷик" 2 нафар ҷӯяндаи тилло зери резиши санг ба ҳалокат расиданд.
Гуфтаи мешавад, ҳодисаи нохуш рӯзи 27- уми июли соли равон дпар макони кони мазкур рух дода буд.
Наҷоти чор ангишткан аз қаъри 270 метр
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, ҷасади коргарон:Бобоҷон Файзуллоеви 42-сола ва Дилшод Худоиеви 31-сола аз зери сангрезаҳо берун оварда шуда, ба хешовандонашон аллакай супорида шудааст.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Файзуллоев сокини шаҳри Кӯлоб ва Худоиев сокини ноҳияи Панҷ буданд.
Чин барои наҷоти тоҷикон 127 адад техника тақдим кард
Зимнан хабар дода мешавад, ки бар асари ин ҳодисаи нохушоянд як нафари дигар низ захм бардошта будаст ва феълан дар беморхона қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ тафтиши ҳодисаи мазкур то ҳол идома дорад.