Дар шаш моҳ дар ВМКБ 15 кас кор ёфту дар Суғд 586

Дар ВМКБ дар давоми шаш моҳ 15 кас соҳиби ҷои кор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар шаш моҳ дар ҷумҳурӣ беш аз 2136 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 30 июл зимни нишасти хабарӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода гузориш дод.

Ба гуфти вазир, дар давоми ним сол дар ҷумҳурӣ 146 корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси 1864 ҷойҳои кории нав ба истифода дода шудаанд. Аз ин шумор дар ВМКБ ду коргоҳ ва 15 ҷойи кор таъсис дода шуда, дар вилояти Суғд 33 коргоҳ ва 586 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Обе, ки Қаҳҳор Маҳкамов орзу дошт ба Душанбе расонад, ба Боку рафт

Ин нишондод дар вилояти Хатлон ба 34 коргоҳу 437 ҷойи корӣ расида дар шаҳри Душанбе, дар шаш моҳи равон 47 коргоҳу 633 ҷойи нави корӣ таъсиси дода шудааст.

Ба гуфти вазири саноат дар ноҳияҳои тобеи марказ дар давми ним соли равон, 30 коргоҳ ба кор даромада, 191 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Бино ба маълумоти вазир, дар давраи ҳисоботӣ барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 219,8 миллион сомонӣ маблағ сармоягузорӣ карда шудааст.

Вазир гуфт ба назари шумо намеояд, вале Тоҷикистон барои Урупо ва Русия пӯшок медӯзад

Ба нақли вазир, пас аз бунёди як зумра корхона ва коргоҳҳои бузурги саноатӣ, аз қабили  Маҷмааи нассоҷии ҶСП "Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил", корхонаҳои коркарди пӯсти ҶДММ "Матин Чарм" дар шаҳри Душанбе ва ҶДММ "Ҳасан саноат" дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи истеҳсоли орди  "Анҳор" дар шаҳри Бӯстон, корхонаи коркарди маъдан ба СА "Минералз" дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, корхонаи истеҳсоли тракторҳои кишоварзии ҶСП "Агротехсервис" ва пурра ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.