Боз як парванда алайҳи "Умед – 88": ин бор 26 миллион сомонӣ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз як парвандаи дигар алайҳи раҳбарони ширкати “Умед – 88” хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Қутбиддин Сафарзода, сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Ожонс, дар нишасти матбуотӣ гуфт, бар иловаи парвандаи аввалӣ боз як парвандаи дигарро ин ниҳод такмил карда, ба додгоҳ ирсол кардааст.

“Парвандаи дуюми ҷиноятӣ вобаста ба 26 миллион қарзи “Умед – 88” пеши “Агроинвестбонк” аз рӯи моддаи 246, қисми 3 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба Суди олӣ ирсол шуд ва суд ҳукмро содир кард. Айни замон, аз рӯи маълумоте, ки мо дорем, намояндагони “Умед – 88” аз он ҳукми суд шикоят навиштаанд. Шикоят дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад” – гуфт Сафарзода.

Шоҳиён дар бораи озодии Зайд Саидов бо тавсияи СММ ва раиси “Умед-88” бо ҷуброни зарар

Идрисзода гуфт, маблағи зарари “Умед – 88” ба “Роғун”-ро мерӯёнанд

Бино ба қисми 3 - и моддаи 246, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок, ба миқдори махсусан калон ва аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Аз 160 ҳазор то 15,6 миллион сомонӣ: талоши дигари фурӯши амволи “Умед 88”

Суди олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 соҳибмулки ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаевро ба 24 соли зиндон маҳкум карда буд. Идибек Иброҳимов, мудири ширкат 22 сол гирифт. Ҳарду дар тасарруфи 170 миллион сомонӣ, ки аз вазорати молия қарз гирифта шуда буд, муттаҳам мешуданд.