Шаробнӯшии бародарон бо 16 зарбаи корду ҳабс анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 44-сола, сокини ноҳияи Спитаменро дар қасди бародаркушӣ муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини маҳаллаи Донакӯҳи ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд. 

Фоҷиа дар Суғд: бародар додарашро бо зарби корд кушт

Манбъ афзуд, ки муттаҳам дар пайи шаробнӯшӣ шаби 27 июл қасди куштори бародараш кардааст.

“Номбурда, рӯзи 27-уми июли соли 2019, тахминан соати 22:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш бо бародари 43-солааш, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, машрубот истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд бо мақсади куштор 16-маротиба ба аъзои бадани ӯ задааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД илова намуд, ки дар пайи 16 зарбаи корд, марди 43-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан алайи гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қасди бародаркушӣ дар ҳолест, ки қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бисёри ҳолатҳои куштор дар кишвар дар доираи хонавода рух медиҳанд.