Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво ба 37-42 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи иттлиои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 6+11 ва  рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри   бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.

Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад.