ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раҳимӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар Панҷакенти қадим гузар, ё худ хиёбоне кашф шудааст, ки дар он афроди доро зиндагӣ мекардаанд ва ҳанӯз қабл аз истиллои арабҳо хонаҳои 2-3 ошёна доштаанд.
Ӯ азфуд, ки дар қисмати поёни Панҷакенти қадим хонаи калоне пайдо карда, шуд, ки пурра гулкорӣ шудаст ва ба эҳтимоли ниҳоят зиёд хонаи Шоҳ Деваштич аст. Манбаъ афзуд, ки бархе гулҳо бо ҳамон ранги сурхашон ҳифз шудаанд.
Деваштич аз охирин шоҳони суғдӣ буд, ки алайҳи истиллогарони араб мубориза бурд. Фарҳод Раҳимӣ инчунин аз корҳои бостоншиносон дар шаҳрҳои Саразм ва Карон гузориш дод.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат ба таҷлили 5500 солагии Саразм дар шаҳри Панҷакент дастур дода буд. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, соли равон имзо кард, 5500-солагии Саразм 12-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент таҷлил мешавад.
Дар қарори Ҳукумат аз Саразм маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон зикр шудааст.
Раисиҷумҳур Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистонро раиси Кумитаи ташкили ҷашни 5500-солагии Саразм таъин карда, ба ҳайати кумитаи ташкилӣ вазирону раисони Кумитаҳоро шомил намудааст.