ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 24 июл дар шаҳри Теҳрон бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии ин кишвар Ғуломҳусайн Шофеӣ мулоқоти намудааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати истифодаи имкониятҳои мавҷударо барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва кишоварзӣ таъкид кардаанд.
"Ҷониби эронӣ омодагиашро барои мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон изҳор намуд ва таҳкими робитаҳои бахши хусусии ду кишварро дар ин самт муҳим арзёбӣ кард", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, ҷиҳати муаррифии дастовардҳои саноатӣ ва кишоварзӣ, ташвиқи сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани ҳаҷми табодули тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Эрон баргузории намоишгоҳҳои тахассусии молу коло дар кишварҳои якдигар муҳим дониста шудааст.
Чобаҳор - “дарвозаи тиллоӣ” - и Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд
Манбаъ афзуда, ки тасмими ҷонибҳо барои омодагии ҳамаҷониба ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, ки қарор аст дар охири соли ҷорӣ дар Теҳрон баргузор гардад, таъкид гардидааст.
Дӯстӣ аз сар: имзои Ёддошт оид ба амният байни Тоҷикистон ва Эрон