Путин: Қувваҳои обии Русия қодиранд ҳама гуна таҷовузкорро нест кунанд

Президенти Русия Владимир Путин дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои обии Руся, ширкат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Нерӯҳои баҳрии Русия қодир аст ба ҳамагуна таҷовузкор ҷавоб диҳад, гуфтааст Путин зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ.

Владимир Путин қайд кардааст, ки Қувваҳои обии Русия яке аз аввалинҳо шуда техникаи тозаихтироъро ба кор мебарад. 

Путин: даъват ба хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ куҳна мешавад

Зимни табрикоташ Путин гуфтааст, ки маҳз қаҳрамонӣ ва ҳунари баҳрнавардон, Русияро дар ин соҳа машҳур кард.

"Ватан қаҳрамонии баҳрнавардонро дар ёд дорад ва дар ёд хоҳад дошт", - гуфтааст Владимир Путин.

Кишвардор низомиёни Қувваҳои обии Русияро барои ҷасорат, мардонагӣ ва хислати қавӣ сипосгузорӣ кардааст.

Путин илова кардааст, ки имсол ба сафи Қувваҳои обии Русия 15 киштии ҷангӣ илова карда мешавад.

"Барои дурнамои тӯлонии таърихӣ як флоти беназир месозем. Флоти давлати пурқудрати соҳибихтиёр!", - хулоса кардааст Путин.