ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Рӯзи 25 июли 2019 дар Ню-Йорк дар Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон пешниҳодшуда таҳти унвони “Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ” бо ҷонидории аксарият қабул гардидааст.
Маҳмадаминов дар мулоқоти Шӯрои Амният аз таҳдиди силоҳи ҳастаӣ гуфт
Дар ин бора равобити умумии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи намояндагони 55 кишвар дар СММ таҳти раёсати Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ҳангоми муаррифии лоиҳаи қатъномаи мазкур Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов таваҷҷуҳи кишварҳои узви Созмонро ба аҳаммияти рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа, татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ, соддагардонии муқаррароти тиҷорат, ҳаракати озоди молу хизматрасонӣ ҷалб кардааст.