Дар Суғд 1 ҳазору 116 километр роҳ таъмир шуд

Дар нимсолаи якуми соли равон дар вилояти Суғд 1 ҳазору 116,9 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, аз 1 ҳазору 116,9 километр роҳи таъмиршуда, 50,6 километр таъмири асосӣ, 353,8 километр таъмири ҷорӣ ва 712,5 километр шағалпӯш мебошад.

Дар Исфара замони мулоқоти Раҳмон ва Жээнбеков роҳҳо масдуд мешаванд

Манбаъ аз қавли масълини соҳаи нақлиёту коммуникатсия афзуд, ки барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 35,4 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

“Аз ҳисоби буҷети вилоят ба ин мақсадҳо 19,9 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 26,1 километр роҳ, аз ҷумла 22 километ аз таъмири асосӣ ва 4,1 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳукумати вилояти Суғд таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ таъмиру тармими 2166,8 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи нақша имсол 108,4 километр роҳ таъмири асосӣ, 923,9 километр таъмири ҷорӣ ва 1073,5 км шағалпӯш карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар маъракаи ободонӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар он мақомдорони давлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандон дастаҷамъона иштирок мекунанд. То ҳол мақомоти Тоҷикистон аз таъмири даҳҳо километр роҳ дар манотиқи гуногуни кишвар аз ҷониби мақомдорони давлатӣ, соҳибкорон ва гуруҳҳои дигари шаҳрвандон гузориш доданд.