Бонкдорони тоҷикро аз хавфҳои қарзӣ огоҳ карданд

Мутахассисони Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ аз хавфҳои қарзӣ огоҳ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон  ва ташкилотҳои қарзӣ дар ҷараёни семинари байналмилалӣ оид ба модули  хавфи қарзӣ, ки тӯли се рӯз- 23-25 июл дар Душанбе идома ёфт, малакаю савияи дониши худро сайқал доданд.

Нуралиев гуфт, чаро бонкҳои Тоҷикистон замони буҳрон нотавон шуданд

Бино ба гузориши Бонки миллии Тоҷикистон, семинари байналмилалӣ оид ба Модули хавфи қарзӣ бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҳамкории техникии Дойч Бундесбонк бо бонкҳои марказии Германия созмон дода шудааст.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова зикр кард, ки низоми идоракунии хавфҳо, хусусан нақши модули хавфи қарзӣ дар рушди устувори ташкилотҳои қарзӣ омили муҳим арзёбӣ мегардад, зеро сандуқи қарзӣ қисми асосии дороиҳои онҳо маҳсуб мешавад.

"Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ ва танзими меъёрҳои бонкӣ тақозо менамоянд, ки кормандони ташкилотҳои қарзӣ тавассути машғулиятҳои таълимӣ оид ба пешгирии хавфҳо ва татбиқи усулҳои идоракунии онҳо пайваста ба омӯзиш фаро гирифта шаванд" ,- гуфтааст Лола Салимова.

Салимова афзудааст, ки семинари мазкур барои иштирокдорони он зимни таҳияи низоми баҳодиҳии қарзӣ ва модули хавфҳои қарзӣ дар ташкилотҳои қарзии кишвар кумак хоҳад кард.

Дар доираи семинар доктор Томас Госвин ва Давид Ҳейлманн — мутахассисони варзидаи бахши низоми бонкӣ, ки дар таҳияи Низоми худии баҳодиҳии қарзии Дойч Бундесбонк ширкат доштанд, ба иштирокчиёни семинар оид ба таҷрибаи худ дар бунёди Модули хавфи қарзӣ, усулҳои баҳодиҳии хавфи қарзӣ тавассути омӯзиши таҷрибаи пешқадами бонкҳои марказии кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Германия маълумот додаанд.

Инчунин дар семинар раванд ва услуби баҳодиҳии қобилияти пардохтпазирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути моделҳои оморӣ-математикӣ баррасӣ гардидааст.