ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то охири моҳи июли соли равон дар аксар қаламрави кишвар ба ҷуз ВМКБ ҳавои гарму хушк боқӣ мемонад.
Ҳаво дар ин рӯзҳо то 44 гарм хоҳад буд.
Манбаъ меафзояд, ки гармои шадид маъмулан сабаби об шудани барфу пиряхҳо дар навоҳиву манотиқи кӯҳӣ мешаванд ва ин обшуданҳо ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб мешавад.
Кумита аз он ҳушдор медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг низ аз эҳтимол дур нест.
Зимнан кумитаи ҳолатҳои фавқуллода зикр мекунад, ки дар қисматҳои ҷануб ва ҷанубу ғарби кишвар эҳтимоли хатари "хушкии замин" вуҷуд дорад, ки барои зироати кишоварзӣ чандон номусоид нест.
Обуҳавошиносон: ҳавои гарм дар Тоҷикистон боз ҳам тафсон мешавад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, ба парвариши зироатҳо диққати махсус диҳанд, ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ низ эҳтиёт кунанд.
Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз будубошҳои безарурат дар кӯча ва зери нури офтоб худдорӣ варзанд.
Ҳушдори обуҳавошиносон: тӯли 7 рӯзи оянда гармии ҳаво то ба 42-45 дараҷа мерасад
Либоси рангаш рушан ба бар кунед, дар сар ҳатман кулоҳи сабук дошта бошед, бештар аз ҳар вақти дигар об истеъмол намоед, тавсия медиҳад кумитаи мазкур ба шаҳрвандон.