ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Мушаххас намудани хатти марз, миёни Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон аз масоили мубрам, барои сокинони ин ду маҳалли наздимарзӣ ба ҳисоб меравад.
Дирӯз 26-уми июл президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков ба марзи миёни Ворух ва Оқсой сафар карда, бо мардуми наздимарзӣ сӯҳбат карданд.
Сокинони ҳар ду ҷониб, ин сафари президентҳоро, ки дер боз интизор буданд, бо нишоту шодӣ истиқбол намудаанд.
Бар пояи гузориши Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавзӯъи мулоқоти сарони ду кишвар бо сокинон, ҳалли масоили марз ба ҳисоб рафта, онҳо, сокинонро аз ҳар ду ҷониб ба дасгирии якдигар ва ҳамсоядории нек ҳидоят кардаанд.
Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни суҳбат бо аҳолии наздимарзии Ворух ва Оқсой таъкид намудаанд, ки ба иғвою хархаша дар марз дода нашаванд ва ҳамеша муносибати таърихан дӯстонаро пос доранд.
Ба гуфтаи сокинон наздимарзии Ворух, баъд аз як рӯзи анҷом додани мулоқот бо мардум аз сӯи ду президент дар назди марзи Ворух ва Оқсой, ягона роҳи Ворух-Исфара, ки аз миёни деҳоти Оқсойи Қирғизистон мегузарад, боз шуд ва мушкили равуои сокинон дар ин масир аз миён бардошта шудааст.
Ҳамчунин роҳи Кӯктош-Лайлаки Қирғизистон, ки аз миёни деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфараи Тоҷикистон убур мешавад, кушода буда, ҳоло аз ҳар ду ҷониб сокинон равуо доранд.
Сокинон кушодашавии роҳи Ворух-Исфараро аз нахустин натоиҷи сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақаи баҳсноки марзӣ арзёбӣ намуда, бар ин назаранд, ки маҳз дар доираи дидору мулоқоти раисони ҷумҳуриҳо масъалаи тақсими марз матраҳ карда мешавад.
Гуфтушунидҳо дар бораи марз то ин дам, борҳо дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳову вилоятҳо ва муовинони сарвазирони ду кишвар баррасӣ мешуданду рухдоди муноқишаҳои марзӣ ҳам муваққатӣ бартараф мешуданд. Аммо аз баски то ин вақт иқдомҳо решаӣ набуданд, бо гузашти муддате зиддиятҳои дигар дар сарҳад сар мезаданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Ворухи Исфара, имрӯз 27-уми июл ба Чолпон-Ота и Қирғизистон рафта, дар Иссиқкӯл ҳамроҳ бо Сооронбой Жеенбеков масоили аломатгузории марзи ду кишварро баррасӣ мекунанд.
Сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ба Ворух ва баъдан ҳам ба Қирғизистон, умедвории сокинони ин деҳоти назимарзиро дар ҳалли мушкили баҳси сарҳадӣ зиёд намудааст. Зимнан ии дуюмин сафари Эмомалӣ Раҳмон баъди 26 сол, ба ин деҳоти ҳаммарз бо Қирғизистони Исфара аст. Сафари нахустини раисиҷумҳур ба Ворух, соли 1993 иттифоқ афтода буд.
Баъди пошхурии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ, боқӣ монда, то ба имрӯз идома дорад.
Баъзе аз навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аммо чунин номуаянӣ гоҳе вақт ба рухдоди низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо боис мешавад.
Аммо ин сафари хосаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти марз сокинони наздимарзии Ворухро бештар умедвор кардааст. Сокинон мегуянд, мушкили муйянсозию аломатгузории марз, ки солҳо ба ин тараф идома дорад, дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков ҳалли худро пайдо мекунад.