Файзов дар Ҷашнвораи "Боми Ҷаҳон" аз сиёсати Раҳмон ва ваҳдат гуфт - акс

Файзов гуфт, шаҳрвандон бояд ба қадри зиндагӣ дар Тоҷикистон бирасанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар маросими кушодашавии Ҷашнвоари "Боми Ҷаҳон" иштирок ва суханрони намудааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумати ВМКБ, раиси вилоят иштирокдорони ин ҷашнворароро ба шаҳри Хоруғ хайра мақдам гуфта изҳор доштааст, бо баргузор намудани Ҷашнвораи "Боми Ҷаҳон" теъдоди сайёҳон ба вилоят зиёд мегардад.

"Бадахшон маконест, ки диққати сайёҳонро бо табиати зебо ва дилфиребаш ба худ ҷалб мекунад. Фазое, ки имрӯз мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зиндагӣ дорем бояд ба қадри он бирасем. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Тоҷикистон дар маркази диққати тамоми оламиён қарор дорад", гуфтааст Файзов.

"Мо аз Помир омадем...": ҷашнвораи фарҳанги Тоҷикистону Русия дар Маскав

Ӯ таъкид кардааст, ки қабул гардидани пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттахид ин албатта аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

"Имрӯз ҳам намояндагони шаш давлати дунё ки дар як канори зебои кишварамон Бадахшон ҷамъ омаданд нишонаи Ваҳдати комили мамлакат ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад", - изҳор доштааст раиси ВМКБ.

Дар шаҳри Хоруғ ҷашнвораи байналмилалии "Боми ҷаҳон" баргузор мешавад

 

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 26- 28 июли соли 2019 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Дуввумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти унвони "Боми ҷаҳон" баргузор мегардад.

Ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар ҷашнвора, меҳмонон аз УзбАкистон, Қирғизистон, ИМА, Латвия, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, инчунин вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷашнвора, баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дарсҳои сайқали маҳорат, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ дар назар аст.