Чин барои наҷоти тоҷикон 127 адад техника тақдим кард

Ба Кумитаи Ҳолатҳои Фавқуллодаи Тоҷикистон 127 адад техника тақдим шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳукумати Чин рӯзи 23 июли соли 2019 барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 127 номгӯ васоити техникии ҳарҷогард ва таҷҳизоти вижа барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот тақдим кард.

Бино ба иттилои КҲФ, ин кумак дар асоси Аҳднома оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникии қаблан имзошуда, ҳамчунин мутобиқи Номаҳои мубодилавӣ оид ба ёрии техникӣ байни Чин ва  Тоҷикистон ва санад дар бораи пешкаши воситаҳои техикӣ ва таҷҳизот барои ҷузъу томҳои КҲФ амалӣ карда шудааст.

"Ҳамаи мошинҳо барои саривақт ба макони рўйдодҳои фавқулодаи техногенӣ ва табиӣ интиқол додани гурўҳҳои наҷотдиҳандагон ва таҷҳизоти махсус бо ҳадафи гузарондани корҳои садамавиву наҷот ва дигар амалҳои оҷилӣ, ҳамчунин барои ба даст овардани иттилооти саривақтӣ ва дақиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, хоса дар мавзеъҳои кӯҳӣ пешбинӣ шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

КҲФ гуфт, истироҳатгоҳҳои Тоҷикистон санҷида мешаванд

Чин барои навсозии роҳҳои ВМКБ 30 миллион доллар ҷудо мекунад

Гуфта мешавад, ки дар маросим муовини сарвазири  Тоҷикистон Зокирзода сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин, раиси Кумита генерал-лейтенант Назарзода, сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими  Тоҷикистон  ширкат кардаанд.

Размоиши муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

 

Манбаъ афзуда, ки техника ва таҷҳизоти пешкашшаванда барои афзоиши мутаҳаррикӣ ва самараи корҳои марбут ба бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ равона мегардад.