Дар рӯзи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд, гармии ҳаво ба 39 дараҷа мерасад

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки имрӯз дар кишвар ҳаво камабру бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 38+40 хоҳад расид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  мешавад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 38+40  дараҷа гарм мешавад.

Оғози сафари Раҳмон ба Суғд: Исфараву Ворух интизори раисҷумҳур

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бошҳад ҳаво камабру бебориш мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз боду ҳавои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаву бебориш хоҳад буд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва   рӯзона    25+30  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад.