Зувайдзода замони оғозу анҷоми сохтмони 9 меҳмонхонаи нав дар Душанберо гуфт

Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ, ки дар назар аст, 4 ва 5-ситорадор хоҳанд буд, аввали сентябри соли равон оғоз хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Зувайдзода, меҳмонхонаҳои мазкур давоми ду соли оянда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд мегарданд. Ӯ афзуд, ки 5 меҳмонхона дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 3 адад дар ноҳияи Фирдавсӣ ва 1-тои он дар ноҳияи Синои Душанбе воқеъ хоҳанд шуд.

Раҳмон дар Норак ба сохтмони меҳмонхона оғоз бахшиду коргоҳи нав ифтитоҳ кард

Моҳи равон тарҳи меҳмонхонаҳои мазкур дар Қасри миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе муаррифӣ гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ,  9 меҳмонхонаи замонавӣ бо 630 ҳуҷра барои қабули беш аз 1 ҳазор нафар нафар дар як вақт пешбинӣ шудаанд.

Шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки ширкати "Рушди Осиё” сохтмони меҳмонхонаи “Дипломат”-ро дар заминаи бино ва иншооти фарсуда дар кӯчаи Бохтари ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба уҳда гирифтааст. Ин ниҳод афзуд, ки ширкати "Элит-стройсервис" бинои бисёрфунксионалии бисёрошёна, аз ҷумла меҳмонхонаи панҷситорадорро дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансурро бунёд хоҳад кард.

“Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Себистон-2018" меҳмонхонаи замонавии “Grand Rudaki Tower”-ро дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва инчунин дигар ширкатҳои ватанӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ тайи 2 сол меҳмонхонаҳои муосири ҳозиразамонро бо сифати баланд ва дизайни миллӣ бунёд хоҳанд кард”, - омадааст дар иттилоия

Шаҳрдорӣ таъкид кардааст,  ҳамаи меҳмонхонаҳое, ки лоиҳаи онҳо рӯнамоӣ гардид, бо инобати талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 4 ва 5-ситорадор сохта мешаванд.