ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, воридоти 464 адад техникаи коммуналӣ дар доираи маблағҳои ҷудонамудаи Чин дар назар аст. Ӯ афзуд, ки инчунин ба Душанбе бо маблағҳои чинӣ 2 адад нақлиёти махсуси телевизионии сайёр ворид мегарданд.
Ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе инчунин иттилоъ дод, ки то охири соли равон дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев 25 истгоҳи замонавӣ сохта шуда, аз ширкати муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастрӣ” дар Душанбе 100 автобуси “АКIА” харидорӣ мегардад.
Манбаъ афзуд, ки дар маҷмуҳ тайи шаш моҳ бо ҳама намуди нақлиёт 157,1 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,0 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи иттилои шаҳрдории Душанбе дар пойтахт хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 14 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 10 ширкати таксӣ амалӣ карда мешаванд.