ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Муҳаммад ал-Носир, раиси Маҷлиси вакилони халқи Тунис вобаста ба марги Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси раисҷумҳури Тунис ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда.
Дар барқияи тасллияти ирсолкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин талафотро бузург номидааст.
“Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Президенти Ҷумҳурии Тунис – Боҷӣ Қоид Ас-Себсиро дарёфт намудам. Марҳум дар маснади Президенти кишвар барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Тунис хизматҳои назаррас анҷом дода буд. Бинобар ин талафоти бузург аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи худро ба мардуми дӯсти Тунис баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор медорам”, - баён доштааст раисҷумҳури кишвар.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз расонаҳои хабарӣ дар бораи маргӣ Боҷӣ Қоид Ас-Себси, раисҷумҳури Тунис хабар доданд.
Вай аз соли 2014 дар вазифаи раисҷумҳури Тунис фаъолият мекард.