Файзов як ҳазор хоҷагии шаҳри Хоруғро бо оби ошомиданӣ таъмин намуд

Дар шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ВМКБ, дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, шарикони рушд ва сокинон ширкат намуданд.

Файзов аз беобӣ ва бетартибӣ дар Хоруғ интиқод кард

Манбаъ афзуд, дар маросими ба истифода додани хатти оби ошомиданӣ роҳбари вилоят сухан карда, ҳадафи асосии лоиҳаро дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ маънидод кард.

Маврид ба зикр аст, ки лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда шуда, паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ "Помир-энергосервер" ва КВД "Бадахшон-роҳсоз" ба ҳисоб мераванд.

Шикорчиёни ВМКБ сокинони Хоруғро бо об таъмин карданд

Гуфта мешавад, хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр  оварда шуд.

Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус дар маросими ифтитоҳи оби ошомиданӣ зикр намуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа беш аз як ҳазор хоҷагии  шаҳри Хоруғ, ки  5,5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Нигаронии фиристодаи Президент аз ҷараёни сохтмонҳо дар Хоруғ ва супориш ба масъулин

Барои бунёди  хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст, ки дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр  бо оби ширин таъмин хоҳанд гардид.