Нахустин навори Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов баъди хабарҳои “даргузашташ” - видео

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон бори нахуст баъди хабарҳои "даргузашташ" пеши дастгоҳҳои наворбардорӣ пайдо шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Бердимуҳаммедов, ки расман дар рухсатӣ қарор дорад, бо лоиҳаи рушди инфрасохтори шаҳри Ишқобод шинос шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Туркменистан сегодня”.

Ба иттилои манбаъ, Бердимуҳаммедов ба муаррифии лоиҳаи рушди инфросохтори пойтахти кишвараш, ки “Ишқобод – ситӣ” ном гирифтааст, сари фармони мошини шахсияш омадааст.

Раисиҷумҳури Туркманистон бо вуруди бархе тағйирот лоиҳаро тасдиқ кардааст.

Нахустин зуҳури Бердимуҳаммедов назди дастгоҳҳои наворбардорӣ дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе дар бархе аз расонаҳо ва шабакаҳои Telegram хабар дар бораи вафоти президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов паҳн шуд. Гуфта шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон дар паи бемории гурда вафот кардааст.

Сипас Сафорати Туркманистон дар Русия хабари даргузашти Бердимуҳамедовро дурӯғу бепоя хонд.