ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, бо иттиҳоми қатли шавҳар ҳангоми хоб дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич, Садоқат Исроиловаи 23-сола боздошт шудааст.
Бар асоси тафтишот, Исроилова 12 июл дар заминаи рашк гардани ҳамсарашро ҳангоми хоб буридааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҳуҷраи хоб ба берун давида, дар саҳни ҳавлӣ ҷон додааст. ВУД таъкид кардааст, ки зану шавҳар қабл аз ин фоҷиа низ муноқиша кардаанд.
Муттаҳам дар гузориши видеоии ВУД, зимни шарҳи сабабҳои даст ба ҷиноят задан гуфтааст, ки “дигар занакҳо қатӣ гап мезад. Вақте дигар ҷо мерафт, бо дигар занҳо телефон мекард, пешаш фарёд мекард”.
ВУД таъкид намудааст, ки суҳбатҳо бо занҳои дигар дар ҳузури ҳамсараш рашку бадбинии Исроиловаро нисбати шавҳараш барангехтааст.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, феълан Исроилова дар боздошт буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.